Дарсҳои омўзишӣ барои пешгирии нашъамандӣ дар қисмҳои ҳарбӣ
Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо сарбозону афсарон вохӯрӣ баргузор гардид.
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар зимни возӯрӣ аз тариқи слайдҳо оид ба вазъи нашъамандӣ дар минтақа ва ҷаҳон, зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористию экстремистӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Масъулини раёсат оид ба корҳои сиёсию тарбиявии Вазорати мудофиа зикр карданд, ки дар дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар дигар қисмҳои ҳарбии вазорат оид ба пешгирии нашъамандӣ дарсҳои омўзишӣ баргузор мешаванд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






