Дастовардҳои «Соли оила» натиҷагирӣ гардид
Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Дастовардҳои Соли оила» мизи мудаввар баргузор шуд. Дар чорабинӣ намояндагони кумита, дастгоҳи марказии ҲХДТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии муқими Кӯлобшаҳр, Шӯрои занон, аҳли зиё, рӯҳониёни бонуфуз ва дигар фаъолони шаҳр иштирок доштанд.
Иштирокдорон аз натиҷаи фаъолияти сохторҳои хеш марбут ба «Соли оила» ҳисобот дода, мушкилоти ҷойдошта ва пешниҳодоти худро барои рафъи камбудиҳо иброз доштанд.
Ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълони Соли оила аз ҷониби аҳли нишаст ҳамчун мояи ифтихор ва шарафмандӣ, сазовори дастгирӣ ва сарчашмаи рушди диёр баҳогузорӣ гардид.
Бонувони Кӯлобшаҳр дастгирии ҳамаҷонибаи худро аз сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






