ДМИТ қабули шунавандагонро ба курсҳои омӯзиши забони русӣ роҳандозӣ намуд
Душанбе,17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Парки инноватсионию технологии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон қабули шунавандагонро ба курсҳои омӯзиши забони русӣ барои гирифтани сертификати донандаи забони русӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Русия низ эътироф мешаванд, ба роҳ мондааст. Таҳсил дар ин курсҳо тибқи қарордоди пешакӣ бо ҷониби Русия роҳандозӣ шуда, барои омӯзонидан ва гирифтани имтиҳон аз шунавандагони курсҳо мутахассисон аз Федератсияи Русия даъват мешаванд.
Дар ҳолати бомуваффақият супоридани имтиҳон ва соҳиб шудан ба сертификат онҳо озодона метавонанд ба Русия рафта, бо муроҷиат ба мақомоти қайди давлатӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти минбаъдаи худ иҷозат бигиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






