«Фаҳмо, қабул аст…», «Гиромания», «Гӯри Абӯрайҳони Берунӣ дар Афғонистон…», «Оилаи қотилон», «Қанд, сабаби гирифтор шудан ба бемории қанд нест» — ин ва дигар мақолаҳое, ки дар матбуот чоп шуданд

Февраль 4, 2016 17:37

Душанбе, 04.02.2016 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 22 аз 2-юми феврали соли равон сармақолаи «2015 – соли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор»-ро нашр кардааст. Муаллифони сармақола аз ҷумла навиштаанд: «Иштироки васеи мардум дар интихобот аз фаъол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз сатҳи баланди донишу маърифат, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳамчунин ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш, суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад». Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» аз 3-юми феврали соли равон Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти кадрӣ, хабар дар бораи тағйири номи 10 шаҳру ноҳия пешкаши хонандагон гардида, мақолаи пешниҳодии Абдулқодири Раҳим таҳти номи «Нашри академии «Намунаи адабиёти тоҷик» зарур аст» чоп шудааст. «Ҷумҳурият» дар шумораи имрӯзаи худ оид ба минтақаи озоди иқтисодии Суғд, мушкилоти соҳаи боғдорию картошкапарварӣ дар минтақаи Рашт мақолаҳо чоп карда, аз нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳои давлатӣ ва таҳти рубрикаҳои «Ҷаҳон дар як сатр», навигариҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон хабарҳо пешниҳоди хонандагони худ намудаст.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» шумораи рақами 14 (2 феврали соли 2016) таҳти сарлавҳаи «Сарваре, ки сулҳ овард, барҳақ пешвои миллат аст» мақолаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддиновро пешкаши хонандагон кардааст. Муаллиф навиштаааст: «Барои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид сохтан, пешгирӣ намудани парокандашавии миллату давлат, барқарор сохтани иқтисодиёти харобгашта, интихоби самтҳои стратегии рушд дар замони буҳрони сиёсиву иқтисодӣ хеле душвор ба даст омад». Дар шумораи имрӯзаи «Садои мардум» Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйиноти кадрӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ нашр шуда, мақолаи таҳлилии муаллифон  А.Шарифзода, З. Қосимӣ, А. Самариддин оид ба фаъолияти босамару бобаракати Сарвари давлат дар давоми соли гузашта пешкаши хонандагон шудааст.

Ҳафтаномаи русзабони «Народная газета» тибқи анъана таҳти сарлавҳаҳои ҷолиб мақолаҳои воқеан ҳам диққатҷалбкунандаи таҳлилӣ, танқидӣ, пешниҳодӣ ва рӯзмарраро пешкаши мухлисони худ кардааст. Навиштаҳои «Фаҳмо, қабул аст…», «Қомати сухан…», «Наимови соддалавҳ», «Ҷанговар дар замони осоишта ҳам ҷанговар боқӣ мемонад!», «Қанд сабаби гирифтор шудан ба бемории қанд нест» ва хабару гузоришҳо аз ҳаёти кишварҳои Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон аз тарафи хонандагон хуб пазируфта хоҳанд шуд.

Дар шумораи навбатии нашрияи «Халқ овози» мақолаи Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ ва Айниддин Самариддин, ки ба фаъолияти яксолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ба нашр расидааст. Дар саҳифаҳои дигари ҳафтанома хабару гузоришҳо аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои кишвар чоп шуда, ҳамчунин мақолаи Шариф Ҳамдампур бо номи «Раҳмонобод дирӯзу имрӯз: пайғоми мардуми шаҳрак ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» пешкаши хонандагон гардидааст. Мақолаи танқидии Эркин Шукур  «Масъулиятро кай эҳсос хоҳем кард?» аз камбудиҳои роҳи Душанбе — Турсунзода нақл мекунад.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» таҳти сарлавҳаи «Сафи муҳоҷирон кам шудааст» аз мизи мудаввар, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии н. Шоҳмансури ш.Душанбе ва бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ш.Душанбе баргузор шудааст, гузориш чоп карда, фикру мулоҳизаҳои иштирокдорони ин чорабиниро пешкаши хонандагон намуда, мақолаи Шаҳло Эшоноваро бо номи «Ҷавонон — кафили амнияти Ватан» чоп кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон  «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаҳои худ назму наср, нақду тақриз, латифа, тарҷума ва панду андарзҳоро аз осору эҷодиёти шоирону нависандагон, мунаққидону адабиётшиносон ва тарҷумонҳои Ҷумҳурии Беларус пешкаши хонандагони тоҷик кардааст. Шумораи навбатии ҳафтанома вижаномаест, ки ба адабиёти имрўзи ҷумҳурии Беларус бахшида шуда, инъикосгари падидаҳо ва дастовардҳои адабиёти имрўзи Беларус ва меҳрномаи адибони ин сарзамин ба тоҷикон аст. Дар матлаби «Дар ҳарими оинҳои дўстӣ», ки ба қалами нависандаи Беларус Ирина Кочеткова таааллуқ дорад,  нақши назарраси нависандаи тоҷик Ато Ҳамдам дар таҳкими робитаҳои адабии Тоҷикистону Беларус зикр шудааст. Дар матлаб ҳамчунин перомуни қиссаи мустанади Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон», ки маҳфили муаррифии он дар Беларус доир шуда буд, сухан рафтааст. Муроҷиатномаи нависанда Георгий Марчук бо номи «Салом Тоҷикистон» меҳрномаи самимиест ба хонандагони тоҷик.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаҳои  «Гиромания», «Муаммои музди меҳнат», «Манораи вайрону ҳавзҳои валангор», «Оилаи қотилон», «Баҳманмоҳи соли 1990», «Ҷияни ҳамакора» ва дигар хабару гузоришҳоро пешкаши мухлисонаш кардааст.

«Фараж» бо сарлавҳаи «Мактаб»-и куштор дар Тоҷикистон» мавзӯи ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани мактаббачагон ва оқибатҳои ин зуҳуроти манфиро ба риштаи таҳлил гирифтааст. Муаллиф навиштааст: «Шӯру шавқу ғалаён (азарт) то ба ҳаддест, ки агар як хонандаи мактаб як рӯз ба ин гуна маконҳо дарояд, мисли нашъаманд ҳар рӯз медарояд, зеро қувваи ҷозибаи бозӣ ба ҳаддест, ки аз нашъаманд монданӣ надорад».

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» давоми мақолаи Зафари Мирзоёнро бо номи «Бачабозии сӯфиён» нашр карда, шеърҳои Адибаи Азизро пешкаши хонандагон намудааст.

Нашрияи русзабони «Азия — Plus» мақолаҳои «Зукоми хук нест, ваксина низ нест», «Ҳукми қотилони оилаи Бобоевҳо содир шуд», «Гӯри Абӯрайҳони Берунӣ дар Афғонистон дар ҳоли нест шудан аст» ва дигар мақолаву хабарҳоро аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «Самак» таҳти сарлавҳаи «Пеши роҳи коррупсияро чӣ мегирад?» назарпурсӣ анҷом дода, натиҷаҳои онро нашр кардааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаи «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад»-ро чоп карда, аз нишастҳои матбуотӣ хабару гузоришҳо  ба нашр расонидааст.

Февраль 4, 2016 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд