Футзали Осиё дар Тошканд

Февраль 17, 2016 11:12

Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Тошканд бозиҳои 4/1 ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футзал баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби футзали Узбекистон бо Ироқ, Таиланд бо Австралия, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Қирғизистон ва Ҷопон бо Ветнам вориди рақобат мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби кишварамон дар доираи ин бозиҳо дар гурӯҳи “С” се вохӯрӣ гузаронида, аз тими мунтахаби Таиланд бо натиҷаи 5 бар 4 ва аз Ветнам бо ҳисоби 8 бар 1 мағлуб гардид ва дар вохӯрии охиринаш бо дастаи мунтахаби Тайпейи Чин натиҷаи мусовии 3 бар 3-ро комёб шуд.
Ҳусейн Шодиев, сармураббии тими мунтахаб изҳор кардааст, ки ӯ аз натиҷаи ин бозиҳо қаноатманд аст, зеро бозингарон дар марҳалаи ниҳоӣ бо тимҳои Тайланд, Ветнам ва Тайпейи Чин нисбат ба бозиҳои марҳалаи интихобӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд барпо гардиданд, беҳтар бозӣ карданд.

Февраль 17, 2016 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд