Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 феврал то 1 марти соли 2026 дар Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2026» баргузор мешавад, ки дар он аз Тоҷикистон 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) иштирок мекунанд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, барои иштирок дар ин мусобиқаи байналмилалӣ то 16 феврал 396 варзишгар (224 мард ва 172 зан) аз 41 давлати ҷаҳон номнавис шудаанд.
Аз Тоҷикистон дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ҳарду дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, ҳарду дар вазни то 66 кг, Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф, ҳарду дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев, ҳарду дар вазни то 81 кг, Умар Расулов, Музаммир Каримзода, ҳарду дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов, ҳарду дар вазни то 100 кг ва Некрӯзшоҳ Некбахтзода дар вазни +100 кг иштирок мекунанд. Дар сабқати занон Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Дар ҳар вазн ба ғолиби ҷойи якум 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супорида хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик соли 2025 дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2025» натавонистанд медал бигиранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) дохил буд. Аз байни онҳо чаҳор нафар — Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило ҷойҳои панҷумро касб карданд.
Инчунин ду нафар — Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60 кило, Мансур Раҳмон дар вазни +100 кило ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.
Соли 2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар «Tashkent Grand Slam» соҳиби як медали тилло шуда буд. Ин медали тиллоро паҳлавони шинохтаи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило байни мардон ба даст овард. Зимнан, ин дуюмин медали тиллои Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо Grand Slam ба шумор мерафт. Медали аввалини тиллоро низ ӯ соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон гирифта буд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад






