АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Февраль 18, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ хабар доданд.

Дар оғози чорабинӣ намоиши дастовардҳои муассиса ба ифтихори рӯзи Артиши миллӣ ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳайати кафедраи ҳарбии Донишкада дар гӯшаҳои алоҳида дастовардҳои кафедраро пешкаши меҳмонону иштирокчиён намуд. Ҳамзамон кафедраҳои тахассусии муассиса ва дигар сохторҳои донишкада гӯшаҳои алоҳида ташкил намуданд.

Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва тамомияти арзии ҷумҳури нақши калидӣ доранд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳимояи марзу буми мамлакат аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардид. Инчунин ба як зумра хизматчиёни ҳарбӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъол барои саҳми арзанда дар таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, рушди соҳаи варзиш ва тарғиби арзишҳои миллӣ Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов

Февраль 18, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд