Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар деҳаи Парчаруди Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо ҳузури беш аз 10 ҳазор мухлисон ва ҳаводорони варзиш дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он паҳлавонони шинохтаи тоҷик Ғазалшоҳи Давлатшо, Абубакри Акобир, Набӣ Нуралӣ, Хурсандқул Куганов, Холмуҳаммад Холов, Ҷумахон Ёрматов, Музаммир Каримзода ва дигарон маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифонашон ғолиб омаданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Раиси вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, инчунин соҳибкорони ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид. Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили Шоҳҷоиза, мошини сабукрав, маблағҳои пулӣ, қолин, кондитсионер, яхдон, буз, гӯсфанд, гов, асп, уштур ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.
Барои Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон ду паҳлавон- Ғазалшоҳи Давлатшо аз ноҳияи Ёвон ва Абубакри Акобир аз ноҳияи Балҷувон давоми як соат бо ҳам рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд.
Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон ҳунару маҳорати паҳлавонони тоҷик Набӣ Нуралӣ аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва Хурсандқул Куганов аз ноҳияи Ёвон назар ба дигар паҳлавонон беҳтар буд. Онҳо бар се-чор ҳарифашон ғолиб омада, сазовори ҷоизаҳои олӣ гардиданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






