Густариши муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ
Душанбе, 04.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -«Боздиди кории Сарвазири Покистон Навоз Шариф рӯзҳои 9-10 июни соли 2015 аз Душанбе ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 11-13 ноябри соли гузашта ба Исломобод ба таъйини самтҳои нав ва ҷавобгӯ ба сиёсати дохилию хориҷии кишварамон таъсири мусбат расониданд», — гуфта шуд дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 4 феврал дар Душанбе.
Ҳамзамон илова карда шуд, ки муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ҳиндустон соли гузашта дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амният, ҳарбӣ, илм, маориф ва фарҳанг пайгирона густариш ёфтанд.
Дар ин давра таҳаввули ҷиддӣ дар равобит миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ- ин сафари расмии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ буд, ки рӯзҳои 3-5 январи соли равон ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷараёни ин сафар 5 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расида, заминаи мусоид барои ҷалби сармояи Саудӣ ба кишвари мо фароҳам омад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






