Хатлон: Истеҳсоли 200 трансформатори гуногунтамға дар соли сипаришуда
Душанбе, 04.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Трансформатор»-и шаҳри Қурғонтеппа дар соли 2015 ба маблағи 4851000 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 581 ҳазору 231 сомонӣ зиёд буда, афзоиш 113,6 фоизро ташкил дод. Корхона дар ин давра 200 трансформатори гуногунтамға истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 адад зиёд мебошад.
-Албатта, ин нишондод ба талабот ҷавобгӯ нест, зеро дар корхона имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд ва барои васеътар истифода бурдани онҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, баланд бардоштани сифат, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва технологияҳои нави истеҳсолотро ҷорӣ намудан лозим меояд, зеро мо таҷҳизоти кӯҳнаву фарсудаи истеҳсоли солҳои 70-80-уми асри гузаштаро истифода мебарем, ки дар замони густариш ёфтани илму техника, технологияҳои навтарин барои истеҳсоли маҳсулоти ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ва арзону ба рақобат тобовар мушкилиро ба миён меоранд, — зикр намуд директори корхона Давлатшоев Н.Б. ва афзуд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ аз нарасидани гази табиӣ дар тамоми хонаҳои баландошёна, корхонаҳо, маҳаллаҳои зисти мардум барқро истифода мебаранд ва барои ин истифодаи трансформаторҳои иловагӣ зарур меояд. Барои пурра таъмин намудани ҷумҳурӣ бо трансформаторҳо эҳтиёҷоти «Барқи Тоҷик» аз 300 то 400 трансформаторро дар як сол ташкил медиҳад.
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Трансформатор»-и шаҳри Қурғонтеппа трансформаторҳои тамғаи ТМ-25,63,100,160,250,400,630,1000 ва НТМИ-6/10-ро истеҳсол намуда, ба ғайр аз ин истеҳсоли қуттиҳои зеристгоҳи барқии автоматикӣ барои насосҳои обкашӣ, қуттиҳои тақсимкунанда ва дигар намуди қуттиҳои барои соҳаи энергетика лозимиро ба роҳ мондааст. Корхона ғайр аз сими алюминие, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол мегардад, боқимонда ашёи хомро берун аз ҷумҳурӣ дастрас менамояд ва ҳангоми иваз намудани технология метавонад истеҳсоли маҳсулотро чанд маротиба зиёд намуда, эҳтиёҷи ҷумҳуриро бо трансформаторҳо пурра таъмин намуда, бозори Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро низ аз даст надиҳад. Аз ин лиҳоз, корхона ба дастгирии инвеститсионӣ ё ин, ки ба қарзҳои бонкии дарозмуддати имтиёзнок эҳтиёҷ дорад, ки барои боз ҳам паст намудани нархи маҳсулот ва зиёд намудани сафи харидорон мусоидат намояд.
-Аз ҷониби мо барои ҷалб намудани сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ лоиҳаи сармоягузорӣ барои аз нав барқарор кардани корхона, харид намудани таҷҳизоти замонавӣ ва ашёи хоми барои истеҳсолот зарурӣ, ба маблағи 2 500 000 (ду миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор пешниҳод гардидааст, ки дар сурати пазируфтани он ба афзоиши маҳсулот ва ҷойҳои нави корӣ дар корхона мусоидат менамояд,- таъкид намуд директори корхона Давлатшоев Н.Б.








ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






