Ховалинг: 53 хатмкунанда ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил шуд
Душанбе, 06.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли гузашта 114 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 21 медали тилло, 38 нуқра ва 55 биринҷӣ гардида, 378 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори номи донишҷӯ шуданд, ки аз ин шумора 53 нафарашон ба мактабҳои олии хориҷи кишвар шомил шуданд. Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия 105% иҷро гардида, масъалаи бунёду таҷдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз имконоти молиявии дохилӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад — иттилоъ дод Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг зимни нишасти матбуотӣ.
— Дар соли сипаригардида сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 280 хонанда (1,6 миллион сомонӣ), мактаби ибтидоӣ (45 ҳазор сомонӣ) ва 4 синфхонаи иловагӣ барои 75 хонанда (130 ҳазор сомонӣ) мавриди истифода қарор гирифтанд,- зикр гардид дар нишасти матбуотӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






