Ҳифзи марзу буми сарзамин рисолати мардонагист
«Артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 23.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Артиши миллӣ дар радифи дигар ниҳодҳои давлатдорӣ ва сохтору мақомоти қудратӣ яке аз самараҳои истиқлолият буда, дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад». Ин матлаб зимни баргузории ҷамъомад, ки ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд.
Лутфия Абдулхолиқзода- ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар аҳли нишаст ва кулли мардуми кишварро бо ин санаи таърихии кишварамон табрик намуда, ба онҳо дар ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияту оромии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон матонату шуҷоат таманно намуд. Зикр шуд, ки дар марҳилаи торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум вазифаи аввалиндараҷаи тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
Инчунин дар ҷамъомад муовини аввали директори Агентии хизмати давлатӣ Гурез Қосимзода аз таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба Артиши миллӣ ибрози назар намуда, зикр сохт, ки шуҷоату мардонагии аскарону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар идомаи корнамоиву фидокории ҳазорон родмардони сарзамини аҷдодиамон аст, зеро хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он рисолати мардонагист.








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






