«Ҷилваи ҳусн» барои тарроҳон
Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи Нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои тарроҳон ва иштирокдорони даври якуми фестивали «Ҷилваи ҳусн» дар шаҳри Қурғонтеппа семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар семинар ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, омӯзгори ҳамин донишкада Мадина Зуҳурова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Самизода С. ва 65 тарроҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Қобили зикр аст, ки дар семинар намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоева оид ба арзишҳои фарҳанги ниёгон, зебоии пероҳани тоҷикона, арҷ гузоштан ба мероси миллати тоҷик ва мақсаду шартҳои фестивал сухан гуфт.
Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ва Мадина Зуҳурова дар бораи таърих ва ташаккули либоси миллӣ, тарҳи либос, нозукиҳои дӯхт ва сифати он сухан ронда, барои риоя намудани шартҳои фестивал тавсияҳо доданд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






