«Ҷилваи ҳусн» барои тарроҳон

Февраль 4, 2016 07:36

Душанбе, 4.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тибқи  Нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои тарроҳон ва иштирокдорони  даври якуми фестивали «Ҷилваи ҳусн» дар шаҳри Қурғонтеппа семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар семинар ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, омӯзгори ҳамин донишкада Мадина Зуҳурова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Самизода С. ва 65  тарроҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Қобили зикр аст, ки дар семинар намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоева оид ба арзишҳои фарҳанги ниёгон, зебоии пероҳани тоҷикона, арҷ гузоштан ба мероси миллати тоҷик ва мақсаду шартҳои фестивал сухан гуфт.
Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ва Мадина Зуҳурова дар бораи таърих ва ташаккули либоси миллӣ, тарҳи либос, нозукиҳои дӯхт ва сифати он сухан ронда, барои риоя намудани шартҳои фестивал тавсияҳо доданд.

Февраль 4, 2016 07:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад