Қирғизистон: Ба Паёми Раиси тоҷикони дунё таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд

Февраль 10, 2016 11:56

Душанбе, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Қирғизистон беш аз 55 ҳазор ҳамзабононамон кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо ҳамвора аз равандҳои рӯйдода дар Тоҷикистон воқиф мебошанд.
Тоҷикони минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон бо истифода аз дастгоҳҳои моҳвора, суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври мустақим тамошо намуданд.
Тоҷикони муқими Қирғизистон дар мавриди Паём изҳор намуданд, ки ин суханронии Пешвои миллат вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлили амиқ гирифта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2016 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян месозад.
Ба ақидаи академики Академияи илмҳои Қирғизистон, раиси ифтихории Созмони тоҷикони ба номи А. Рӯдакӣ Абдуҳалим Раҳимҷонов рушду суботи Тоҷикистон ва пешрафти иқтисодии он барои ҳамзабонони бурунмарзӣ аҳамияти хосса дорад, зеро дар ин ҳолат обрӯ ва мақоми тоҷикон дар кишвари иқомат баланд мегардад.
Муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ва сармуҳаррири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» Қодиршои Мурувват изҳор дошт, ки муҳтаво ва мазмуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавобгӯи авзои баамаломада дар арсаи байналмилалӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ин хотир таҳияи барномаи муқобила бо падидаҳои терроризм ва тундгароӣ, барои ҳифзи оромии мамлакат ва дар кулл ҳамаи ҷумҳуриҳои минтақа муҳим мебошад.
Додоқузӣ Қузиев- раиси маркази фарҳангии тоҷикони шаҳраки санъатии Ҳайдаркони вилояти Ботканд, ки он ҷо 5 ҳазор ҳамзабононамон зиндагӣ менамоянд ва мактаби тоҷикии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ амал мекунад, изҳор дошт, ки бо иштироки омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ тамошои дастаҷамъии Паём сурат гирифт. Тоҷикони шаҳраки Ҳайдаркон аз мусоидати мардуми шарифи тоҷик, Ҳукумати Тоҷикистон, шахсан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди фиристодани фарзандонашон ба донишгоҳу омӯзишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд изҳори сипос намуданд.
Мавлонҷон Абдураззоқов, тоҷири шинохта ва раиси маркази фарҳангии тоҷикони деҳшӯрои Учқурғони ноҳияи Қадамҷо изҳор дошт, ки новобаста аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар соли 2015, роҳбарияти Тоҷикистон бо истифода аз неруву захираҳои дохилӣ тавонист таъсири номатлуби онро камтар намояд. Албатта, дар ин кор саҳми Пешвои миллат арзанда мебошад ва итминону бовар ба ояндаи равшану хубтар ҳамзабонони хориҷбударо низ руҳу неру мебахшад.
Ба ҳамин тариқ, дар дигар маҳаллаҳои тоҷикнишини Қирғизистон- шаҳри Ҷалолобод, деҳаи Правдаи ноҳияи Қаросуи вилояти Уш, деҳаи Андарак, ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд ҳамзабонон ба мавзӯи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси тоҷикони дунё таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Февраль 10, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд