Иштироки омӯзгор ва равоншинос дар ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ ҳатмист
Душанбе, 11.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Минбаъд ҳам дар ҷараёни тафтиш ва ҳам дар мурофиаи судӣ пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни 16-сола нарасида иштироки омӯзгор ва равоншинос ҳатмист. Дар ин росто вакилони палатаи поёнии кишвар ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Ҳотам Назарзода -муовини якуми Прокурори генералии ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳадафи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, хусусан ба эҳтимолияти бегуноҳӣ, андешидани тадбирҳо барои барқарор намудани зараре, ки аз ҷиноят расонида шудааст, равона гардидааст. Инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мазкур ба муқаррароти Конститутсияи кишвар, хусусан ба татбиқи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятӣ равона шудааст.
Дар ин росто бо ворид намудани илова ба қисми 2-и моддаи 56-и Кодекси мазкур ҳамчун шоҳид пурсида шудани прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбарандаро ба истинои додани нишондод, вобаста ба азназаргузаронии ҷои ҳодиса манъ менамояд.
Ҳамзамон ба моддаи 15- и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйирот, паҳншавии принсипи эҳтимолияти бегуноҳиро на танҳо ба айбдоршаванда, балки ба гумонбаршуда ва судшаванда низ муқаррар мекунад.
Ҳотам Назарзода афзуд, ки то ҷое мусаллам аст дар баъзе ҳолатҳо бар асари ҳамлаҳои гурӯҳи ҷинояткор ё офатҳои табиӣ биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо зарар дида, парвандаҳои ҷиноятӣ нобуд мешаванд. Инчунин бо сабаби хунукназарии кормандон гум шудани парвандаҳои ҷиноятӣ низ ҷой доранд. Ин ҳолатҳо барои идомаи тафтиш ё баррасии судӣ барқарор намудани парвандаҳои ҷиноятиро тақозо намояд ҳам, Кодекси амалкунанда тартиби барқарор намудани парвандаҳои ҷиноятиро пешбинӣ наменамояд. Аз ин рӯ, ба Кодекс моддаи 167 эзоҳи 1 ворид карда мешавад, ки он тартиби барқарор намудани парвандаҳои ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






