«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон» -фестивали ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ҷараён дорад.
Рӯзи 13 феврали соли 2016 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки кормандони масъули Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Кӯлоб даври навбатии Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар фестивал намоиши китобҳо, хулосаи библиографӣ, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, мулоқот бо адибон ва композиторон доир гардида, озмунҳои гуногун, аз қабили «Синфи китобдӯст», «Навоҳои дилангези кӯдакона», «Ромишгарони наврас», «Хонандаи фаъол» баргузор гардиданд. Ба ғолибон ҷоизаҳои фестивал «Барои қироати беҳтарин», «Барои беҳтарин намоиши китоб», «Барои беҳтарин оҳанг», «Барои тарғиби фаъолонаи Фестивал», «Ромишгари ҷавон», «Мутриби ҷавон» супорида шуданд.
Мақсади фестивал тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кӯдакону наврасон, ҷалби бештари онҳо ба китобхона, ташаккули малакаҳои мутолиаи китоб, тарбия намудани ҳисси зебоипарастӣ дар замири наврасон, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва мусоидат ба дарки неруи бузурги китобу мусиқӣ дар тараннуми ҳаёти насли наврас мебошад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






