Конфронси «Мақоми Имом Абӯмансури Мотуридӣ дар таҳкими мазҳаби ҳанафӣ» дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе
Душанбе, 27.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мақоми Имом Абӯмансури Мотуридӣ дар таҳкими мазҳаби ҳанафӣ» баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, сардори шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Нусратулло Зокиров ва дигарон иштирок карда, сухан гуфтанд.
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории конфронс муаррифӣ намудани симои Имом Абӯмансури Мотуридӣ ва огоҳ намудани мардум бо асосҳои мазҳаби ҳанафӣ аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






