Кумаки Ҷопон ба маркази саломатии № 10-и шаҳри Душанбе
Душанбе, 4.02.2016. (АМИТ “Ховар”). -4-ми феврали соли 2016 Тиэ Тамура — муовини роҳбари ҳайати Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии №10-и шаҳри Душанбе» ширкат варзид. Маросим бо мақсади муваффақона иҷро шудани лоиҳае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар доираи “Барномаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)” маблағгузорӣ гардид, доир шуд.
Барои тадбиқи лоиҳа ба Маркази саломатии №10-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 99,882 доллари ИМА маблағ ҷудо карда шуд. Азбаски Маркази саломатӣ дар маркази пойтахти шаҳр вокеъ аст, беш аз 78,000 сокинон аз хизматрасониҳои тандурустии он истифода мебаранд. Баъзе беморон ҳатто берун аз ноҳияи Сино омада, дар ин ҷо табобат мегиранд.
Қабл аз татбиқи лоиҳа, Маркази саломатии №10 ба таҷҳизоти лозимии тиббӣ ниёз дошт, ки аксари он таҷҳизот беш аз 30 сол истифода шуда, фарсуда гашта буданд. Бо анҷом ёфтани лоиҳа, маркази саломатии №10 бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла фиброгастроскоп, шуоъзании ултрабунафш, анализатори биохимиявӣ, мизи ҷарроҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Хонум Tамура зикр намуд, ки лоиҳаҳои бахши аъзами аҳолӣ нишонаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Ҷопонанд.
Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон барои бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кумаки хешро идома медиҳад.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






