Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар Душанбе»

Февраль 26, 2016 11:35

Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз аз ҷониби Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон лоиҳаи «Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар шаҳри Душанбе (марҳилаи 3-юм)» оғоз гардид.
Дар маросим сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада иброз намуд, ки махсусияти кумак ва дастгирии ҷавонон дар Тоҷикистон ҳоло дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулода, тандурустӣ ва кишоварзӣ лоиҳаҳоро амалӣ менамояд. Аз соли 2001 то ин ҷониб созмони мазкур бо кумаки Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон 13 лоиҳа бо маблағи 3,3 млн долларро амалӣ намудааст. Имрӯз махсусияти кумак ва дастгирии Ҷопон лоиҳаи «Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар шаҳри Душанбе, марҳалаи сеюм» бо маблағи умумии 340 ҳазор доллар оғоз гардид, ки тибқи лоиҳа барои кӯдакон компютерҳо ва асбобҳои чопкунӣ пешкаш гардида, сохтани майдончаи варзишӣ низ дар назар аст.
Сармутахассиси муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умуми Вазорати маориф ва илми ҶТ Муҳаммад Бобомуродов гуфт, ки дар як муддати начандон зиёд мо «консепсияи таҳсилоти фарогирро» ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ ба имзо расида буд, амалӣ кардем ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ ин кӯдаконе, ки то имрӯз дар муассисаҳои махсус буданд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидуллохон Фақеров аз ҳамкорӣ бо сафорати Ҷопон изҳори хушнудӣ намуда, гуфт: маҳз бо дастгирии «Ассотсиатсияи кумак ва дастгирӣ», муассисаи томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансур хеле фаъолияти хуб роҳандозӣ намуд. Инчунин чор муассисаи дигар, МТМУ №28, 54, 72 ва гимназияи 53 ҳамкорӣ доранд, боз муассисаҳои дигар ҳам омода ҳастанд ҳамкорӣ намоянд.

Февраль 26, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд