Маҳфили шеъру суруди Рустами Ваҳҳоб ва Амриддини Кабир дар Иттифоқи нависандагон
Душанбе, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеъри Рустами Ваҳҳоб, шоири андешагаро ва адабиётшиноси варзидаи тоҷик бо овозхони саршинос Амриддини Кабир баргузор мегардад.
Ин маҳфил бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар доираи баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз соати 14:00-и 19 феврал оғоз мешавад.
Аз Раёсати Иттифоқи нависандагон иттилоъ доданд, ки дар идомаи тадбирҳо бахшида ба Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз 26 феврал дар толори иттифоқ маҳфили шеъру суруди Шоири халқии Тоҷикистон — Гулназар Келдӣ бо овозхони маъруф Хосияти Зарафшонӣ доир мегардад.
Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз 19 то 24 марти соли 2016 бо ҳузури шоирони тавонои форсизабони ҷаҳон давом хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






