Мардуми Нижний Новгород бо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шинос шуданд
Душанбе, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар») — Дар шаҳри Кстовои вилояти Нижний Новгород ҷаласаи адабӣ-мусиқавӣ бахшида ба шеъри давлатҳои форсзабон ва Русия баргузор гардид.
Ба гуфтаи раиси «Анҷумани мардуми эронизабон» Эраҷ Бобоев, мақсади баргузории ҷаласа шинос намудани аҳолии Нижний Новгород, пеш аз ҳама, ҷавонони дорои истеъдодҳои мухталиф, ки ганҷи фарҳанги ҷаҳониро ташкил медиҳанд, мебошад.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни рус, тоҷик, эронии дар донишгоҳҳои вилояти Нижний Новгород таҳсилкунанда, намояндагони ҷамъияти тоҷикони ноҳияи Кстово ва инчунин намояндагони иттиҳодияҳои гуногуни миллӣ-фарҳангии вилояти Нижний Новгород иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа шеърҳои классикони тоҷику форс, аз ҷумла порчаҳо аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро бо забонҳои гуногун қироат намуданд. Дар назди меҳмонон намояндагони ҷамъияти тоҷикон Музаффар Абдулвоҳидов ва Раҳимҷон Раҷабов бо асбобҳои мусиқии миллии тоҷикӣ- дутору таблак ҳунарнамоӣ карданд.
Ҷаласа аз ҷониби Маркази нависандагони ба номи П. Штатнова ва ташкилоти минтақавии «Анҷумани мардуми эронизабон» -и Нижний Новогород ташкил карда шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






