«Масъалаи омода намудани мутахассисони забондон дар 4 сол бояд ҳал шавад» — бардошт аз Паём
Хуҷанд, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани сифати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ, забони русӣ ва забони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин замина сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода махсус ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълими забонҳои модарӣ, русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки ин амал аз Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, аз ин рӯ ба ин масъала диққати ҷиддӣ бояд зоҳир шавад. Вобаста ба ин масъала роҳбарони як зумра вазорату идораҳои масъул вазифадор шуданд, ки дар давоми 4 соли оянда масъалаи бо омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






