Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 1 банди фоизӣ тағйир ёфт
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва зиёд гардидани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёти кишвар, мутобиқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 феврали соли равон меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Ҳамчунин бо мақсади мазкур бо қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 феврали соли равон меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, дар сатҳи 18,0 фоизи солона муқаррар гардид.
Қарорҳои мазкур аз 1 марти соли равон дар амал татбиқ мешаванд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






