Мизи мудаввар: «Муқаддимаи арзёбии технологияи тандурустӣ, таҷрибаи байналхалкӣ» (ISPOR)
Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Маркази захираҳои исботшудаи тиб (МЗИТ) ҷаласа ва мизи мудаввари идораи тоҷикистонии Ҷомеаи байналхалқӣ оид ба тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фармакоэкономика — ISPOR дар мавзӯи «Муқаддимаи арзёбии технологияи тандурустӣ, таҷрибаи байналхалқӣ. Нақши Ҷомеаи байналхалқӣ оид ба тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фармакоэкономика (ISPOR) дар ин самт» баргузор шуд.
Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, намояндагони кафедраи фармасевтӣ, шуъбаи илм ва инноватсияи ДДТТ, мутахассисони маркази ахборӣ оид ба маводи доруворӣ ва мутахассисони маркази захираҳои исботшудаи тиб иштирок намуданд.
Дар ҷаласа мавзӯъҳои «Муқаддимаи арзёбии технологияи тандурустӣ, таҷрибаи байналхалқӣ. Нақши Ҷомеаи байналхалқӣ оид ба тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фармакоэкономика (ISPOR) дар ин самт», «Фаъолияти идораи тоҷикистонии Ҷомеаи байналхалқӣ оид ба тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фармакоэкономика — ISPOR дар соли 2015», «Кор бо сомонаи ISPOR» мавриди баррасӣ дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






