Мизи мудаввар оид ба сифати хизматрасонӣ ба шахсони мубталои ВНМО
Душанбе, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Ҳукумати шаҳри Ҳисор мизи мудаввар таҳти лоиҳаи «Беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ба шахсони мубталои ВНМО», ки бо дастгирии Хазинаи авруосиёӣ дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, аз тарафи Ташкилоти Ҷамъиятии «Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО» роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар намояндагони дастгоҳи Ҳукумати шаҳри Ҳисор, Раёсати шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва меҳнат, Маркази СПИД, Маркази бемориҳои пӯст ва узвҳои таносули ноҳия, Маркази эпидемологӣ, Маркази саломатии шаҳрӣ, САҲШ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ директори Маркази СПИД Саттор Абдуҷабборов аз ҳолати сироятшавӣ, сатҳи хизматрасонӣ, муаммоҳои ҷойдошта дар самти ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии шахсони мубталои ВНМО хабар дод.
Мақсад аз гузаронидани мизи мудаввар — созмон додани гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти хизматрасонии давлатӣ барои муайян намудани хизматрасониҳои ройгон ва ҳамчунин пешниҳоди «Системаи хизматрасониҳои ройгон» барои беҳтаргардонии сифати кори мутахассисон буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






