Мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ бо мардуми деҳаи Хуштоири Мухлони ноҳияи Ғончӣ
Душанбе, 11.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Барои тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми роҳнамуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори cулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби занҳо бо роҳбарии мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ Зебӣ Азимова бо намояндагони ҷавонону бонувон ва фаъолони деҳаи Хуштоири Мухлони ноҳияи Ғончӣ мулоқот намуданд.
Дар мулоқот роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ Зебӣ Азимова аз Паёми сарнавиштсози Сарвари давлат сухан карда, хусусан доир ба иқдоми беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардуми шарифи Тоҷикистон таъкид намуд, ки ба бӯҳрони молию иқтисодии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, ба андозаи 15% зиёд намудани музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, 20% афзун намудани даромади кормандони соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ, 25% ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин то 20% баланд бардоштани ҳадди ақал ва нафақа аз рӯи синн, аз 250 то ба 400 сомонӣ баланд кардани маоши ҳадди ақал ин нишон аз таъмин намудани зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Бинобар он, ҳар як фарзанди Тоҷикистон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва бо дасту дили пок фаъолият намуда, дар иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ беш аз пеш кӯшиш намояд, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро пойдор нигоҳ дорад, Ватану миллати хешро эҳтиром кунад, инсондӯсту бовиҷдон бошад.
Раиси шӯрои духтарони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н. Ғончӣ Азиза Насриева доир ба ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таълим ва омӯзиши касбу ҳунар, таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин аз Паёми Сарвари давлат барои то 30% баланд бардоштани стипендияҳои донишҷӯён маълумот дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






