Мулоқоти М. Муинӣ бо муҳассилин ва устодон
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш вохӯрии муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ бо муҳассилин ва устодони Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи И. Ҳасанов оид ба муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон доир мегардад, баргузор шуд.
Дар мулоқот масъули кумита доир ба тағйирот ба Конститутсия гуфт, ки ин тағйирот барои рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, баланд бардоштани маънавиёти аҳолӣ ва тарбияи насли наврас мусоидат менамоянд
Дар вохӯрӣ муовини якуми раиси кумита Мавсума Муинӣ ҳамчунин оид ба самтҳои дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфта, нақши ҷавононро дар татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳим арзёбӣ намуд.
Зикр шуд, ки бовару эътимоди Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон масъулияти насли ҷавонро дучанд гардонида, дар навбати худ онҳоро муваззаф мегардонад, ки бо баҳои хубу аъло хонда, соҳиби ихтисос гарданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






