Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Чэн Гопин

Февраль 29, 2016 15:04

Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховра»).-29-уми феврал вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чэн Гопин мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории якҷоя дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи таҷриба, табодули ахбор, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кумаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон барои расонидани кумак дар сохтмони бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони бинои Маркази муштараки зиддитеррористии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе табодули афкор сурат гирифт.
Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чэн Гопин гуфт, ки бехатарии Тоҷикистон- ин бехатарии Чин мебошад ва мо омодаем дар самти мубориза бар зидди се зуҳуроти номатлуб: терроризм, экстремизм ва сепаратизм ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшем.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти номатлуб қарор дорад ва ҷониби Чин дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ намуда, кумаки худро хоҳад расонид.

Февраль 29, 2016 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд