Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо директори департаменти кишварҳои Осиёи ВКХ Чехия
Душанбе, 1.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 28 январи соли 2016 Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Маликшо Неъматов дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Чехия бо директори департаменти Осиё Марек Либритски мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Чехияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи гурӯҳи корӣ метавонад дар рушди ҳамкории гуногунҷабҳаи байни ҳарду кишвар мусоидат намояд. Суҳбат дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






