Муродзода Д: “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия равандҳои демократикунониро тақвият мебахшанд”

Февраль 27, 2016 10:55

Душанбе, 27.02.2016. (АМИТ “Ховар”).- Ҳар гуна тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба хотири муътадил гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум рӯйи кор меоянд. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои воридгашта ба Конститутсияи кишвар, ба муътадилсозии вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. Тоҷикистон дар ҳар марҳилае, ки ба Конститусия тағйиру илова ворид кардааст, он ба талаботу меъёрҳо мутобиқ буда, вобаста ба шароит мукаммал шудаанд. Раиси Шӯрои адлияи кишвар Муродзода Дӯстмурод Ҳайит вобаста ба ин масъала ба хабарнигори АМИТ “Ховар” андешаҳояшро чунин баён намуд:
“Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ менамояд.
Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои мустақилияти сиёсию иқтисодӣ, пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, боло рафтани эътибори давлату миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замон буда, барои тақвияти равандҳои демократикунонию дигаргунсозиҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як инсон мусоидат хоҳад намуд.
Тавре ки иттилоъ доред, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок ҳисобида, онро таҳия ва пешниҳод намудаанд. Пешниҳод масоили таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти мақоми конститутсионии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ-қонунгузор, иҷроия ва судӣ, кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва рушди дигар муносибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, дар маҷмӯъ аз 40 қисм иборат мебошад.
Мутобиқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 январи соли равон пешниҳод оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои муайян намудани мутобиқати тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд. 4-уми феврали соли равон Суди конститутсионӣ масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, ба хулоса омад, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.
Пешниҳоди мазкур дар оянда имконият медиҳад, ки қишри бонуфузи ҷомеа минбаъд низ дар тавсеаи огоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва сулҳу субот ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад.
Ҳамин тариқ, 10-уми феврали соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи навбатии худ, пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсии умумихалқӣ»-ро баррасӣ карда, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйини раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Мутобиқи қарори мазкур раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 майи соли равон баргузор мегардад.
Мутобиқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва гузаронидани раъйпурсӣ ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Мақомоти мазкур то имрӯз дар самти баргузории раъйпурсии умумихалқӣ корҳои назаррасро анҷом дод. Рӯзи 24-уми феврали соли 2016 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар ҷаласаи қаблии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз таърихи 15-уми феврали соли равон дар бораи ташкили 68 ҳавзаи раъйпурсӣ қарор қабул гардида буд.
Дар ҷаласаи навбатӣ зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳими давраи омодагиҳо ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ва тасдиқи ҳайати комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ мебошад, зеро комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ дар ин раванд нақши басо муҳим доранд ва масъалаҳои гуногуни вобаста ба раъйпурсиро дар ҳудуди ҳавза ҳаллу фасл менамоянд.
Аз ин рӯ, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ дар 68 ҳавзаи раъйпурсӣ комиссияҳо ҳар кадом дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на кам аз 6 аъзо ташкил шуд.
Инчунин бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ намунаҳои муҳри комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ муқаррар ва тартиби иваз кардани аъзои комиссияҳои ҳавзавию участкавии раъйпурсӣ муайян шуданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва бо санадҳои ҳуқуқӣ таъмин кардани комиссияҳои раъйпурсӣ тибқи салоҳиятҳои қонунии худ дастурамалҳо таҳия ва тасдиқ намуда, татбиқи якхелаи қонунро таъмин карда, онро тавзеҳ медиҳад.
Бо ин мақсад бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 5 дастурамал ва як маҷмӯаи саволу ҷавобҳо доир ба гузаронидани раъйпурсӣ тасдиқ шуданд. Дастурамалҳои мазкур бо теъдоди зиёд чоп шуда, ба ҳамаи комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ дастрас мешаванд”.
Дар хотимаи суҳбат раиси Шӯрои адлия ба сокинони кишвар муроҷиат кард, ки дар арафаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ моро ҳамчун фарзандони содиқи миллат зарур меояд мақсад ва моҳияти тағйиру иловаҳои ба қонуни асосии давлат воридшавандаро ба наздикону пайвандони худ фаҳмонем ва нисбат ба тақдири ояндаи миллати хеш бетарафӣ накарда, дар ин маъракаи барои пешрафти мамлакати азизамон муҳим фаъолона иштирок намоем.

Таҳияи Мавҷуда Анварӣ

Февраль 27, 2016 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд