Мусобиқаи футбол дар варзишгоҳи «Спитамен»
Душанбе, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар варзишгоҳи «Спитамен» бо дастаи филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Маскав дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишкадаи энергетикии шаҳри Маскав дар Душанбе аз рӯи намуди варзиши футбол қувваозмоӣ намояд.
Гуфта мешавад, ки филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 20-уми феврал бо дастаи филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Маскав дар шаҳри Душанбе ва 22-юми феврал бо дастаи филиали Донишкадаи энергетикии шаҳри Маскав дар Душанбе қувваозмоӣ хоҳанд кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






