Мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияи Дарвоз
Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Шабонарӯзи гузашта кормандони зершуъбаи дар ноҳияи Дарвоз будаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар мавзеи Туғаки деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвоз сокини деҳаи Ёгедро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир намуданд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда ду борхалта, ки дар дохилашон 31 баста бо маводи хамирмонанди ҷигариранг мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира шуд.
Тибқи хулосаи озмоишгоҳи ташхиси судии Раёсат, маводи мусодирашуда афюн буда, вазни умумии он 26 кг 923 граммро ташкил менамояд.
Нисбат ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Ҳоло чорабиниҳои фаврӣ барои муайян намудани шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, гузаронида мешаванд.
Боздоштшуда ба муассисаи нигоҳдории муваққатии Раёсати агентӣ ворид карда шуд.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






