Низом Қосим: «Ҳамоиш рўҳи наврўз дорад…»

Февраль 19, 2016 17:18

Душанбе, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Мавриди зикр аст, ки 19 марти соли равон дар Душанбе Симпозиуми илмии байналмилалӣ оид ба Наврӯз ва 20 март дар «Кохи Борбад»-и Душанбе Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мегардад, ки ба ин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ адибон, олимону муҳаққиқони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват гардидаанд.

Дар ин росто барои дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинии фарҳангӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маҳфилҳои шеъру адаб, шабнишиниҳои наврӯзиро бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик ва ҷаласаҳои илмӣ доир ба мақоми Наврӯз гузаронад. Дар мавриди ин ва дигар масъалаҳои марбут ба он бо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳамсуҳбат гардидем, ки фишурдаи онро пешкашатон месозем:

“Ховар”:  — Устоди азиз, огоҳ шудем, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврўзро баргузор мекунад. Лутфан бигўед, ки он чӣ чорабинист ва чӣ ҳадафҳо дорад?

Н. Қосим: -Тавре ки медонед, чанд сол қабл бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории як зумра кишварҳо иди миллии мо – Наврўз аз ҷониби СММ ҷаҳонӣ эълон гардид ва имрўз дар бисёр кишварҳо чун ҷашни бедории табиат, сарсабзиву шукуфоӣ ва сафову оромӣ таҷлил мешавад. Айёми Наврўз халқи мо ботинан сардиву нороҳатиҳои зимистонро хайрбод мегўяд, рў ба офтоб меорад, хона метаконад, бо ниятҳои нектарин дастархон меорояд ва меҳмонони азизашро интизор мешавад.

Имсол Тоҷикистон адибони зиёдеро низ чун меҳмонони ҷашни Наврўзи хеш мепазирад. Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақшаи кори имсолаи Ҳукумати кишвар ворид шудааст ва зери сарпарастиашон бояд дар сатҳи баланд сурат бигирад. Ҳадафи он таҳкими робитаҳои адабиву инсонӣ, бозгўи нақши адабиёт дар посдории суннатҳои миллӣ, дўстии халқҳо ва сулҳу осоиши дунёст.

“Ховар”:  — Ҳамоиши адабие дар чунин шаклу шукўҳ бори аввал баргузор мешавад…

Н. Қосим: — Соли 1967 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии шеъри форсӣ барпо шуда буд. Иштироки бузургоне, чун Нодири Нодирпур, Парвиз Нотили Хонларӣ, Лутфалии Суратгар, Моили Ҳиравӣ боиси шукўҳу шуҳрати зиёди он гардид ва шеъри тоҷикро такони ҷиддие бахшид. Ҳамоиши имсола, ки қариб ним аср баъд сурат мегирад, беҳтарин анъанаҳои онро идома хоҳад дод ва фурсати мусоиде барои суҳбату хулосаҳо оид ба имрўзу фардои шеъри тоҷикиву форсӣ фароҳам хоҳад овард.

“Ховар”:  — Аз номи ҳамоиш бармеояд, ки дар он адибони ҳавзаи Наврўз иштирок мекунанд?

Н. Қосим: – Баъд аз ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасмими Созмони Милали Муттаҳид имрўз тамоми дунё қаламрави Наврўз аст. Ба ҳамоиш ҳам аз қаламрави таърихии Наврўз ва ҳам аз кишварҳое, ки адибони форсигў маскунанд, дар маҷмўъ аз бисту ду мамлакат, меҳмонон даъват шудаанд.

“Ховар”:  — Баргузории чунин ҳамоишҳо дар замони ҷаҳонишавӣ чӣ аҳамияти амалие дорад?

Н. Қосим: – Тавре ки гуфтем, ҳадафҳои ҳамоиш амалии заминианд. Дар замоне, ки ҷаҳонишавӣ фарҳангҳоро ба коми худ мекашад ва бисёр махсусияту суннатҳои миллиро аз байн мебарад, ҳифзу нигаҳдошти падидаи бузурге, чун Наврўз ва суннатҳои инсонсози он бисёр заруранд. Дар зинда нигоҳ доштани ин ҷашни бузург ва анъанаҳои он адабиёти тоҷику форс – аз қадим то имрўз – саҳми арзанда дорад ва хоҳад дошт. Тавассути мусоҳибаву мубоҳиса, табодули афкор, суханрониву шеърхониҳо ин ҷиҳатҳо бозгў мешаванд ва умед дорем, ки иштирокдорон, бинандагону шунавандагонро оид ба тақдири адабиёти бузурги форсизабон, арзишҳову суннатҳои абадзиндаи он, аз ҷумла корбурди ҳадафмандонаи Наврўз дар адабиёт ба андеша вомедоранд, дар ангезиши эҳсоси наҷиби инсониву шаҳрвандии мардумамон саҳме мегузоранд.

“Ховар”:  — Лутфан бигўед, ки ҳамоиш дар чӣ шакл сурат мегирад, аз чӣ чорабиниҳо иборат аст?

Н. Қосим: – Аввалан, дар Китобхонаи миллӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ барпо мешавад, ки ҷиҳатҳои гуногуни Наврўзро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Сипас дар Кохи Борбад маросими ифтитоҳи ҳамоиш бо суханрониву шеърхонии меҳмонону мизбонон баргузор мегардад. Мо, аҳли адаб, аз таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллатамон беҳад миннатдорем ва ташрифашон ба ин ҷорабинии бузурги адабиёт боиси сарафрозии бештарамон хоҳад буд. Ҳамчунин иштироки меҳмонон дар ҷашни Наврўзи пойтахт, сафарҳои гурўҳҳо ба шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар аст. Албатта, ҳузури адибон бе суҳбатҳои гарму шеърхонӣ намешавад. Ба истиқболи ҳамоиш як моҳ — аз 19 феврал то 19 март дар толорҳои пойтахт ва марказҳои вилоятҳо силсилаи маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки шоирону ҳофизони маъруф сурат мегирад ва пахши онҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ Наврўзи имсоларо рангинтару пуршукўҳтар, ба маънои асливу маҷозӣ шеърборон хоҳад кард.

“Ховар”:  — Бешубҳа, барои хонандагон ҷолиб хоҳад буд, ки рамзи ҳамоиш ба мўқалами кадом рассом мансуб аст?

Н. Қосим: – Мусаввирони чирадастамон Вафо Назар ва Олимҷон Рабеъзода дар ин кор заҳмати пурсамар кашиданд ва рамзе офариданд, ки сарсабзиву хуррамии кураи арз, сериву пурии инсоният ва нақши аҳли қаламро дар ин амри хайр ифода мекунад.

“Ховар”:  — Бовар дорем, ки мардуми адабдўстамон ба ҳамоиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд ва аз тафсилоти он бештар огоҳ шудан мехоҳанд…

Н. Қосим: – Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ситоди ҳамоиш амал мекунад. Алоқамандон тавассути телефони 224-14-71 аз навбатдорони он ба саволҳояшон ҷавоб гирифта метавонанд. Ҳамчунин дар сомонаи интернетии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — www.navisandagan.tj бахши махсуси ҳамоиш боз шудааст, ки оид ба таърихи ҳамоишҳои шеъру адаб, намояндаҳои барҷастаи шеъри муосири форсизабони дунё ва чорабиниҳои гуногун пайваста маводи ҷолиберо пешкаши алоқамандон мекунад.

Ҳамаи ҷаҳду талоши Иттифоқи нависандагон, ки имрўз аз дастгирии бесобиқаи Сарвари давлату миллат бархурдор аст, комилан барои мардуми адабдўстамон сурат мегирад. Аз ҷумла, чорабиниҳои Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз. Нақшаи баргузории чорабиниҳо тавассути воситаҳои ахбор манзур мешаванд ва мо аз иштироки хурду бузург дар ин маъракаи фараҳафзои наврўзӣ шодмон хоҳем буд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Февраль 19, 2016 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд