Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории хуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ фаъол мегардад
Душанбе, 11.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Вазорати нақлиёти Ҷумхурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (lFC) дар мавзӯи ҷорӣ намудани Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории хуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ чорабинӣ баргузор гардид. Сардори раёсати нақлиёти рӯизаминӣ Қурбон Саидов вобаста ба ин масъала сухан кард.
Баъдан намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (lFC) Илҳомҷон Саъдулоев низоми мазкурро, ки дар суроғаи http://portal.ijozat.tj ҷойгир аст, оид ба модулҳои тарҳрезишудаи барнома, тартиб додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз тариқи электронӣ ба ҳозирин намоиш дод.
Дар охир ҷамъомадагон ба хулосае омаданд, ки масъулони Вазорати нақлиёт дар муҳлати як ҳафта низоми мазкурро омӯхта, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






