Ҷоми чемпионҳои Аврупо: Бохти “Зенит” ва “Челсӣ”

Февраль 17, 2016 10:55

Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз бозиҳои марҳалаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо бо доир шудани ду бозӣ шурӯъ гардид. “Зенит”-и Санкт- Петербург дар сафар бо “Бенфика”-и Португалия дар варзишгоҳи “Эштадиу да Луж” вохӯрда, то дақиқаи 90-ум натиҷаи мусовиро нигоҳ дошт ва дар аввалин сонияҳои вақти иловашуда баъди зарбаи Жонас тӯбро аз дарвозааш гирифт ва ба мағлубият рӯ ба рӯ шуд. Ин натиҷа барои “Зенит” барои ба даври дигар гузаштан хатарнок нест.
Дар бозии дигари рӯз ПСЖ-и Фаронса бар “Челсӣ”-и Англия бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуд. Голҳоро аз дастаи ПСЖ Златан Иброҳимович дар дақиқаи 39 ва Каванӣ дар дақиқаи 89-ум ба нишон расониданд. Аз дастаи “Челсӣ” Микел дар поёни қисми якум муаллифи голи меҳмонон гардид.
Бозиҳои ҷавобии ин дастаҳо рӯзи 9-уми март барпо хоҳад шуд. Имрӯз дастаҳои “Рома”-и Италия бо “Реал”-и Испания ва “Гент”-и Белгия бо “Волсфбург”-и Олмон вориди майдон мешаванд.

Февраль 17, 2016 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид