Ҷоми ФФТ: Чорумин ғалабаи “Регар ТадАЗ”
Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар варзишгоҳи марказии пойтахт даври 4-уми мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми Федератсияи футболи мамлакат идома дорад. Дирӯз дастаи “Регар ТадАЗ” дар бозии нобаробар намояндаи Лигаи якуми чемпионати мамлакат “Локомотив”-и Душанберо бо натиҷаи 10 бар 0 мағлуб кард. Ин ғалабаи чоруми пайдарпаи футболбозони шаҳри Турсунзода дар ин силсилабозиҳо мебошад.
Тими “Истиқлол”- Душанбе, ки бо ҳайати ҷавононаш дар рақобатҳо иштирок дорад, вохӯрии навбатиашро бо дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 ҷамъбаст кард.
Дар ҷадвали мусобиқоти минтақаи Душанбе “Регар ТадАЗ”бо 12 имтиёз пешсаф аст. КМВА “Помир” баъди се бозӣ бо 9 имтиёз дар мақоми дуввум ҷойгир шудааст ва имрӯз дар даври чорум бо “Помир”-и Лигаи якум ба майдон меояд. Инчунин дар ин рӯз “Кӯктош” бо “Барқи тоҷик” қувва хоҳанд озмуд.








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид






