Озмуни «Авто — Бону — 2016»
Душанбе, 08.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бахшида ба Рӯзи Модар РБДА ВКД ва рӯзномаи «Вечёрка» 5-уми марти соли равон дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе озмуни «Авто — Бону — 2016»-ро баргузор мекунанд.
Барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофоти пулӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ муқаррар шудааст.
Озмуни «Авто — Бону — 2016» бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳолии кишвар ба масоили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ гузаронида мешавад. Занон ва духтароне, ки собиқаи ронандагиашон на камтар аз 1 сол мебошад ва воситаи нақлиётро тибқи асосҳои қонунӣ соҳибӣ менамоянд, дар озмун иштирок карда метавонанд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






