Парлумони Тоҷикистон созишномаи ТРАСЕКА-ро ба тасвиб расонд

Февраль 16, 2016 09:15

Душанбе, 16.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Созишнома оид ба маблағгузории муштараки котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (КД КБҲ ТРАСЕКА) байни ҳукуматҳои тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо-Қафқоз -Осиёро вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расониданд.
Шералӣ Ганҷалзода -вазири нақлиёти кишвар зимни тавзеҳи ин санад гуфт, ки Созишнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 апрели соли 2005 дар Боку -пойтахти Озарбойҷон ба имзо расонида шуда, он асосан барои нигоҳдории котиботи доимии ТРАСЕКА равона шудааст. Мутобиқи банди 4 -и Созишнома, ҳаҷми ҳаққи узвияти байни кишварҳои аъзо баробар муайян шуда, ҳамасола бояд ба котиботи доимӣ то 31 декабри соли фаъол ва на дертар аз 31 марти соли оянда интиқол дода шавад. Алҳол ҳаҷми аъзоҳақии Тоҷикистон 60 ҳазор евроро ташкил медиҳад, афзуд вазир. Инчунин қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди барномаи мазкур, ки барои солҳои 2007-2015 қисман пардохт нашудааст, беш аз 50 ҳазор евро аст.
Ҳамзамон вазир роҷеъ ба барномаи ТРАСЕКА -долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз Осиё маълумот дода гуфт, ки барномаи мазкур бо ташаббуси кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон соли 1993 дар ҷаласаи вазирон дар Белгия таъсис дода шуда, дар асоси Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо -Қафқоз-Осиё, ки 8 сентябри соли 1998 дар Озарбойҷон ба имзо расидааст, фаъолият дорад.
Пайваст намудани шабакаи роҳҳои нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё ва истифодаи самараноки иқтидори транзитии кишварҳои аъзо барои сабукгардонии раванди интиқоли байналмилалии борҳо, ки ҷавобгӯи ҳадафҳои стратегии кишварамон маҳсуб мешавад, аз ҳадафҳои асосии ин барнома аст. Алҳол 13 кишвари ҷаҳон аъзои ин барнома буда, барои муайян кардани самти фаъолият соли 2003 Комиссияи байниҳукуматӣ созмон дода шудааст. Мақомоти иҷроияи Комиссияи мазкур котиботи доимии ТРАСЕКА мебошад, ки дар шаҳри Боку воқеъ аст. Ин барнома аз ҷониби котиби генералӣ идора шуда, фаъолият ва самти ояндаи он аз ҷониби раиси комиссияи байниҳукуматӣ, ки аз ҳисоби раисони миллии комиссия аз рӯи тартиби алифбо таъйин мешаванд, амалӣ мегардад. Чумҳурии Тоҷикистонро дар ин барнома ва комиссия муовини аввали сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид ба ҳайси раиси миллии котиботи ТРАСЕКА ва Солеҳ Муъминзода ба ҳайси котиби миллӣ намояндагӣ менамоянд. Маблағгузории лоиҳаҳо дар доираи барномаи мазкур аз ҷониби Комиссияи Аврупо таъмин карда мешавад.
Шералӣ Ганҷалзода бо дахли манфиатҳои кишварамон аз узвият дар доираи барнома ва комиссияи мазкур ибрози назар карда гуфт, ки манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз узвият дар доираи барнома ва комиссия иштирок дар татбиқи кумакҳои техникӣ мебошад, ки ба омӯзиши кадрҳо ва рушди нақлиёти автомобилӣ, авиатсияи гражданӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо нигаронида шудааст, зеро то ҷое мусаллам аст, ҳамасола дар доираи барномаи ТРАСЕКА курсҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони соҳаи нақлиёти автомобилӣ, авиатсияи гражданӣ, логистика ва бехатарии нақлиёти рӯизаминӣ дар давлатҳои аъзои ТРАСЕКА ташкил мешавад, ки дар он мутахассисони Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва дигар мақомоти марбутаи кишварамон иштирок менамоянд. Вазири нақлиёти кишвар таъкид кард, ки танҳо соли гузашта 15 нафар кормандони соҳа дар 7 чорабинии барномаи мазкур иштирок намуданд, ки хароҷоти иштирок пурра аз ҳисоби барнома пардохт шудааст. Инчунин шурӯъ аз соли 2016 дар ҳамкорӣ бо созмонҳои бехатарии авиатсионӣ лоиҳаи кумак ба бахши авиатсияи гражданӣ дар ҳаҷми умумии 5 миллион евро амалӣ гардонида мешавад, ки он барои мутобиқгардонии қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ ва кумаки машваратию техникӣ равона шудааст. Тасдиқи созишномаи мазкур аз сӯи Парлумони мамлакат барои рушди соҳаи нақлиёти кишвар тавассути татбиқи лоиҳаи нави инвеститсионӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Февраль 16, 2016 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва пешниҳод намуд
41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил гардид
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ якчанд лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори Форуми 19-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок доранд
Ҷаласаи Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
27 декабр иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Маҳмадтоир Зокирзода дар Москва аз ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ёдовар шуд
Муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Хорватия густариш меёбанд