Паёми ҷавонони тоҷик аз мактабҳои олии Туркия

Февраль 2, 2016 09:43

Душанбе, 02.02.2016 (АМИТ “Ховар”) —  Донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ илму ҳунар меомӯзанд, ба воситаи шабакаҳои радиоию телевизионӣ ва интернетӣ Паёми навбатии Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида, аз таваҷҷуҳи хоcсаи Ҳукумати мамлакат ба илму маориф ва тарбияи ватандӯстонаи ҷавонону наврасон рӯҳу илҳоми болида гирифтанд.

Дар Ҷумҳурии Туркия зиёда аз 250 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки аксари онҳо тавасути интернет Паёми Президенти мамлакатро тамошо карда, вобаста ба он андешаҳои худро ба хабарнигори АМИТ “Ховар” баён карданд.

Аз ҷумла, Фирдавс Ҳайдаров, донишҷӯи Донишгоҳи «Ipek»-и Анқара гуфт: «Пеш аз ҳама, мехоҳам миннатдории самимонаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонам, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти мамлакат ҳазорон ҷавонон ҳамасола барои таҳсили илм ба донишкадаҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ роҳхат гирифта, имкони таҳсил дар мамолики хориҷиро пайдо карданд. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат ба масъалаи таҳсили мактаббачагон таваҷҷуҳ зоҳир карда, гуфт, ки қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар литсейю коллеҷҳои нав кушода шуданд, вале бисёр соатҳо ин мактабу литсейҳо ва коллеҷҳо холианд. Ҳол он ки ин соатҳо ва ин биноҳои таълимиро мебояд сарфакорона истифода бурд”.

— Ба фикри ман, — мегӯяд Фирдавс Ҳайдаров, —  агар ягон омӯзгор ё дигар шахси соҳибмаълумот ин соатҳои бекори мактабу литсейҳоро истифода бурда, курсҳои забономӯзӣ ё ин ки барномаи омода кардани довталабони мактабҳои олиро ҷорӣ кунад, хеле хуб мешуд. Аз як тараф, агар ин кор дар шакли мунтазам ба кор монда шавад, дониши талабагон сайқал меёбад ва ҳамчунин  ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд, ки ин барои донишҷӯҳо ва муаллимони ҷавон хеле мувофиқ аст. Бахши дигаре, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола таъкид кард, ин масъалаи забономӯзии ҷавонон мебошад. Ҳоло дар замони муосир донистани забони хориҷӣ ҳатмист. Ман аз ҷавонони кишвар хоҳиш мекунам, ки ҳадди ақал як забони хориҷиро ҳамчун забони модарии худ аз худ кунанд.  Агар мо бо забони хориҷӣ тавонем роҳат ҳарф занем, метавонем кишвари худро тавассути интернет ё ин ки зимни суҳбат ба хориҷиён муаррифӣ намоем. Ба онҳо дар бораи фарҳангу таърихи худ, расму оину ниёгонамон нақл карда, барои аз наздик шинос шуданашон бо мамлакати дилорои мо ҳамчун сайёҳ ё ин ки сармоягузор ҷалб кунем. Баъдан боз мехостам дар бораи соҳаи тандурустӣ фикри худро баён намоям, чун саломатии инсон неъмати бебаҳо аст ва Сарвари давлат низ мунтазам ва ҳамеша ба ин масъала диққати хосса медиҳад. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол зиёд мешавад, аз ин рӯ дар мамлакати мо марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва бемористонҳо  бояд зиёд бошанд. Тавре ки Сарвари давлат зикр  кард,  барои зиёда аз 8 миллион аҳолӣ мавҷуд будани як донишгоҳи тиббӣ кофӣ нест. Ман аз супориши Президенти мамлакат барои ифтитоҳи як донишгоҳи нави тиббӣ хеле хушҳол шудам. Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон соли гузашта 1400 донишҷӯ қабул кардааст, ҳол он ки довталабон ба касби табибӣ хеле зиёданд, худи ҷумҳурӣ низ ба табибони соҳибкасб талабот дорад. Инчунин табибони мо метавонанд дар кишварҳои ҳамсояи хориҷӣ бо меҳнати ҳалоли худ шуҳрати илми тибби тоҷикро баланд бардоранд”, изҳор кард Ф. Ҳайдаров.

Фаттона Сафарова, донишҷӯи Донишгоҳи “Erciyes”-и Туркия мулоҳизаҳои худро дар бораи Паёми Президенти кишвар чунин баён намуд: “Дар Паёми имсола ҳалли масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа, аз ҷумла рушди минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ, илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мадди аввал гузошта шуда, иҷро шудани самтҳои зикршударо Пешвои миллат таҳти назорати қатъии худ гирифт. Мо, ҷавонони Тоҷикистони азиз хеле шод ҳастем, ки ин гуна лоиҳаҳои ободӣ ва шукуфоӣ аз тарафи Роҳбари давлат пешбинӣ шуда, бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат амалӣ мегарданд. Ҳамчун донишҷӯи факултети журналистӣ андеша дорам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи ВАО аҳамияти бештар диҳад, зеро вақте мардум аз рӯйдодҳои дохили кишвар ва мамлакатҳои хориҷӣ хабардор бошанд, он гоҳ ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ мекунанд. Агар мардум огоҳ бошанд, пас ҳеҷ гурӯҳ наметавонад таъсири манфӣ расонад ва ё таблиғи худро роҳандозӣ кунад.

Нигора Саидова, донишҷӯи донишгоҳи “İstanbul”- Туркия мегӯяд: “Мо, донишҷӯёни аз Ватан дур барои рушди кишварамон ҳоло саҳми худамонро гузошта наметавонем, аммо қавл медиҳем, ки бо сари баланд донишгоҳро хатм намуда, ҳамчун мутахассиси соҳаи худ ба хизмати Модар-Ватан бармегардем, ҳиссаи худро барои тараққиёт ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани соҳаҳои пешгирифтаи худ мегузорем. Тоҷикистон аз гиёҳҳои доруворӣ бой аст. Бинобар ҳамин мехостам дар Тоҷикистон ба соҳаи фарматсевтӣ таваҷҷуҳи бештар дода шавад, марказҳои тиббии замонавие, ки ба тадқиқоти илмӣ ва лабораторӣ барои пайдо кардани навъҳои нави дорувориҳо машғул бошанд, ифтитоҳ шаванд”.

Фирдавс Тағоев, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии Анталия зимни суҳбат изҳор кард: “Дар паёми навбатии худ Ҷаноби Олӣ дар бораи мушкилиҳои иқтисодиву сиёсӣ, баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақа, сохта шудани шоҳроҳҳо дар кишвар, пешгирии фарзандон аз пайравӣ ба терроризму экстремизм сухан гуфт. Хеле хушҳол шудам, вақте Ҷаноби Олӣ гуфт, ки дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид ва шумораи фавти модарону кӯдакон нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт. Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд дар панҷ соли охир 1,6 баробар ва фавти кӯдакон 2,5 баробар кам шудааст. Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки зиндагӣ дар Тоҷикистони азиз рӯз ба рӯз ва сол ба сол беҳтару хубтар мешавад.

 

 

Февраль 2, 2016 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид