Пешвои миллат боз як донишгоҳи тиббӣ таъсис дод

Февраль 25, 2016 18:15

Шарҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси  муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон”

 

Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буданд, татбиқи амалии худро меёбанд. Дар паёми имсола, аз ҷумла супориш дода шуда буд, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мардуми Тоҷикистон ба табибони баландихтисос дар вилояти Хатлон, ки сераҳолитарин минтақаи мамлакат аст, муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ таъсис дода шавад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон”, ки имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, аз ин хушхабар гувоҳӣ медиҳад.

Таҳлили вазъи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба хусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолияш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад.

Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳар сол Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро қариб 1200 нафар мутахассис хатм мекунанд. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи р ӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад.

Гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5% афзоиш меёбад.

Аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафари аҳолии Тоҷикистон 20,8 табиб рост меояд, ки ин хеле каму нокифоя аст.

Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон”-ро дар ин сераҳолитарин вилояти ҷумҳурӣ таъсис диҳад.

Хотиррасон бояд намуд, ки заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” муайяну омода шудааст ва худи ҳамин сол ин муассиса ба қабули донишҷӯён шуруъ хоҳад кард.

Февраль 25, 2016 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026