Пешвои миллат ва нақши таърихии ў
Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-27 -уми феврал дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон -Пешвои миллат ва нақши таърихии ў дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат» доир гардид. Конфронс ба муносибати қабул гардидани Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бо ташаббуси созмони ҷамъиятӣ ва байналмилалии фонди «Муколамаи АвруОсиё» баргузор шуд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зарурати таърихии Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро баён намуда, зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон сазовори аз ин ҳам баландтарин унвонҳо мебошад, зеро давлатро аз нестию миллатро аз парокандагӣ наҷот дод.
Инчунин Низомиддин Зоҳидӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ, Ҳаким Мирсайдзод Саид, муовини вазири адлия, Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсияонии кишвар, Абдураҳим Холиқзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин мавзӯъ сухан гуфтанд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






