Президенти Ӯзбекистон: «Даврони Шӯравӣ кӯдакони моро ба бемориҳои вазнин мубтало кард»
Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи маргумири модару кӯдак ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар ин бора Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар ҷаласаи Фонди рушди варзиши кӯдакона изҳор дошт.
«Бар асари чунин вазъи душвор, ки ба мо аз сохти мустамликавӣ боқӣ мондааст, соли 2000-ум аз ҳар 100 ҳазор кӯдак қариб 6 ҳазор кӯдак ба бемории вируси шадиди сироятии роҳҳои нафар, 576 нафар ба илтиҳоби шуш (пневмонией), 449 нафар ба бронхит, 310 нафар ба сколиоз гирифтор шудаанд»,- қайд намуд Каримов.
И. Каримов гуфт, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ «мо дар бораи чунин ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои теннис ё толорҳои варзишии муосир, ки имрӯз дар кишвари мо амал мекунанд, ҳатто орзу карда наметавонистем. Мисол, вақте сухан дар бораи шиноварӣ мерафт, мо шино дар ҷӯйбор ё каналро, ки ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯй нестанд, тасаввур мекардем. Дар натиҷаи ин, миёни аҳолии кишвар, бахусус кӯдакон бемориҳои вазнин зиёд шуд»,-иброз намуд ӯ.
Сарвари Ӯзбекистон тазаккур дод, ки: «имрӯз миёни кӯдакони 6-15-сола, ки ба варзиш машғуланд, бемории вируси шадиди сироятии роҳҳои нафас ба 47,3%, илтиҳоби шуд ба 55,6%, бронхит ба 61,7%, сколиоз ба 45,5% кам гаштааст, ки «ҳамаи моро ҳамчун натиҷаи муҳими бадастомада хурсанд мекунад».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид






