Раҳмоналӣ Одинаев: Тоҷикон миллати қадимтарин бо таърихи хеле ғанианд
Душанбе, 25.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Шаҳри Новокузнетски вилояти Кемерово дар қисмати ҷанубу ғарбии минтақаи Сибир ҷойгир буда, аҳолиаш зиёда аз 680 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва ҳамчун шаҳри металлургҳову ангиштканҳо бо номи минтақаи Кузбасс машҳур гардидааст. Аз корхонаҳои азими Новокузнетск металлҳои гуногуни барои хоҷагии халқ муҳим берун аз Федератсияи Русия содир мешаванд. Аҳолии шаҳрро русҳо, шорсҳо, тоторҳо ва дигар халқияту миллатҳои ИДМ ташкил медиҳанд. Дар ин шаҳр ҳамватанони зиёди мо фаъолият доранд ва ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск бо номи «Дӯстии тоҷикистониён ва русҳо» таъсис шудааст, ки он на фақат дар минтақаи Сибир, балки дар тамоми қаламрави Русия ҳамчун ҷамъияти фаъолу намунавӣ эътироф шудааст. Дар роҳи бозгашт аз Шарқи Дур бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вориди шаҳри Новокузнетск гаштем.
Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетскро ҷавонмардони асили ватандӯсту миллатпарвар, ба монанди Раҳмоналӣ Одинаев, Шавкатҷон Тоҳиров, Имомиддин Сониев, Қаҳрамон Ҳамдамов, Амирҷон Ризоев, Маҳмадкарим Абдукаримов, Халифа Дарёев ва дигарон таъсис додаанд. Онҳо дур аз Ватан ҳама чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва бо ширкати васеи меҳмонону ҳамватанон баргузор менамоянд. Ҳар тоҷике, ки ба ин шаҳр бо мақсади кор кардан меояд, ҳатман аз меҳмоннавозиву ҷавонмардиҳои аъзои фаъоли ҷамъияти тоҷикон, хусусан аз дастгириву мадади директори ширкати сохтмонии «Восток» Раҳмоналӣ Одинаев бархурдор мегардад. Дар ин ширкат садҳо тоҷикон бо ҷои кору маош ва шароити хуби корӣ таъмин гардидаанд ва дар бораи Раҳмоналӣ Одинаев бо эҳтиром ҳарф мезананд.
Раҳмоналӣ Одинаев байни мардуми маҳаллӣ, ҳукумати шаҳр ва дигар сохторҳои Новокузнетск соҳибэҳтиром аст.
Ин қаҳрамони мо аз рӯзгори худ чунин қисса кард:
«Падарам дар охири солҳои сиюм аз мавзеи зебову биҳиштии Сари -Хосор, баъди ятим монданаш дар 15-16 солагӣ тавассути роҳҳои кӯҳӣ ба Нуробод омада ва дар ҳамин ҷо бо модарам, ки зани хеле покизарӯзгору кадбону буд, оиладор мешавад. Падар ҳамеша моро насиҳат мекард, ки бо меҳнати ҳалол нон хӯрданро касб кунем, як пора нонро ба эҳтиёҷмандон дареғ надорем, илм омӯзем ва дар куҷое, ки набошем, дар андешаи ободии Ватан бошем»,-иброз дошт Раҳмоналӣ Одинаев дар суҳбат бо мо. Ҳамчунин номбурда аз зиндагӣ шукргузорӣ карда, афзуд, ки дар зиндагӣ аз чизе камӣ надораду дар баробари сохтмон боз бо оила ва фарзандонаш ба чорвопарварӣ машғул аст, зеро ӯ нангу номуси тоҷикона дорад, мехоҳад бо меҳнати ҳалоли худ зиста, пеши касе сархаму муҳтоҷ набошад.
Ӯ мегӯяд, ки маҳсулоти гӯштӣ ва ширу ҷурғоти моро худи ҳамватаноне, ки дорои ошхонаву тарабхонаҳо мебошанд, харидорӣ мекунанд. Имрӯзҳо ҳамватанони мо, ки дар ширкати «Восток» кор мекунанд, даҳҳо биноҳои истиқомативу маъмуриро бо сифати аъло бунёд намудаанд, ки ба шаҳри Новокузнетск ҳусни тоза бахшидааст.
Дар идомаи суҳбат Раҳмоналӣ гуфт, ки ҳадафи асосии мо аз таъсиси ин ширкати бузург асосан ҳуввияти миллӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҳамватанон мебошад. Фармоишгарони маҳаллӣ кӯшиш мекунанд, ки аъзои ширкати моро ба кор ҷалб намоянд, зеро ба ҳалолкориву меҳнатдӯстии тоҷикон эътимод доранд.
Баъд аз суҳбат бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароити кории ҳамватанонамон ба сохтмони яке аз биноҳои маъмурии баландошёна рафтем.
«Ман аз шаҳри Душанбе ба ин ҷо омадам ва қариб 8 сол мешавад, ки дар ширкати «Восток» кор мекунам. Шароити кориву маош хуб аст. Дар ин бино зиёда аз 30 корманд фаъолият доранд»,- гуфт Салим Каримов.
Расул Зоиров, Абдулҳай Олимов, Ҳусниддин Орифов ва чанд ҷавони дигар, ки сокинони шаҳри Қурғонтеппа будаанд, изҳор намуданд, ки дар мавриди ҳуҷҷатгузориҳо, ки алъон дар Федератсияи Русия яке аз мавзуъҳои доғи рӯз аст, ягон мушкилӣ надоранд, зеро сарвари ширкат, ки худ саводи хуби ҳуқуқӣ дорад, кӯшиш мекунад иҷозатномаи корӣ, қайди ҷои истиқомат, патент ва дигар ҳуҷҷатҳои барои кор лозимиро сари вақт омода кунад.
«Ҳоло дар ҷаҳон бӯҳрони молиявӣ ҳукмфармост. Кор мисли пештара нест, вале ба ҳар навъе, ки набошад, мо бояд ҷойи кор ва мавқеамонро аз даст надиҳем, зеро аз дигар кишварҳои ИДМ муҳоҷирон зиёд ба Русия ворид мешаванд ва мо фақат бо сифати баланди кор метавонем бо онҳо дар рақобати солим бошем», — мегӯяд Раҳмоналӣ Одинаев
Ӯ мегӯяд, ки дар ҳар як суҳбату вохӯриҳо шукронаи давлату давлатдорӣ, тинҷиву амонӣ ва ободкориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунем ва бо ифтихору сарбаландӣ мегӯем, ки мо тоҷик ҳастем. Ватани мо имрӯз чӣ қадар ободу зебо шудааст. Мо, мардуми тоҷик якдилонаву сарҷамъона зери ливои нангу номуси ватандорӣ, бунёдкорӣ ва роҳбарии одилонаву оқилонаи Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба дараҷаи боз ҳам баланди пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ноил мешавем ва миллати моро зиндагии шоиста насиб мегардад.
Ин суханҳоро Раҳмоналӣ бо чашмони ашколуд баён карда, баъди чанд лаҳзаи сукут табассумкунон афзуд, ки «Ин ашки шодиву ифтихормандӣ аст. Дар дунё кам нестанд миллатҳое, ки сарватмандтарин нафаронанд, вале дар баъзе нишастҳои дӯстона бо қалби пораву ашки талхи беватанӣ мегӯянд, ки дар ҳасрати як гӯшаи хоки ватананд, дар ҳасрати як пора матои парчами хешанд, дар ҳасрати онанд, ки парчами онҳо низ дар баробари парчами дигар давлатҳо боло шавад, вале афсӯс, ки ана ҳамин муқаддасотро надоранд».
Бояд гуфт, ки Раҳмоналӣ Одинаев ва дигар аъзои ҷамъият робитаи зичи ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Бо ҷавононе, ки тоза ба Новокузнетск ворид мешаванд, хоҳ донишҷӯянд, хоҳ муҳоҷири меҳнатӣ, барои ҳушёрии сиёсиро аз даст надодану номи миллату ватанро паст накардан суҳбатҳо карда, барои дур будан аз ҳар гуна равияҳову таблиғгарони манфури ғуломи хоҷаҳои хориҷӣ, ки номи дини мубини исломро бад мекунанд, маслиҳат медиҳанд.
Бо як самимияту ифтихор Раҳмоналӣ баён намуд, ки ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дигар ҷашнҳои таърихиамонро кӯшиш мекунем бо аҳли ҷамъият бо сарварии Шавкатҷон Тоҳиров, ки хеле инсони бомаърифату ватандӯсту ташаббускор мебошад, таҷлил намоем. Миллатҳои дигар маҳз ҳамин чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии моро дида, ба фарҳангу маънавиёти мо баҳои баланд медиҳанд. Дар ҳақиқат мо миллате ҳастем қадимтарину дорои таърихи хеле ҳам бою ғанӣ.
Мо бо эътимоди кулл гуфта метавонем, ки ҳар фарде, ки чун Раҳмоналӣ ватани хеш, ҳар зарра хоки гуҳарбези диёри аҷдодӣ ва анаъанаҳои миллиро муқаддасу азиз медорад, дар ҳама ҷо метавонад сарбаланду комёб бошад.
Таҳияи Садбарги Боқӣ
Новосибирск