Риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Дар замони муосир ҳар як халқу миллат барои нигоҳ доштани расму оин ва таъриху фарҳанги ғании худ аз раванди ҷаҳонишавӣ, ки метавонад ба арзишҳои миллӣ таъсир расонад, кӯшиш менамояд. Яке аз арзишҳои бузурги инсонӣ, ки метавонад дар ин раванд таъсири манфиро қабул намояд, забон мебошад»,- зикр гардид дар ҷамъомаде, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.
Дар ҷамъомад, ки бо иштироки васеи кормандон ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Меҳроб Ҷумъаев гузаронида шуд, ба масъалаи риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар чорабинӣ зикр шуд, ки дар ҳамаи вазорату идораҳои кишвар коргузорӣ ҷиддан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва ин тақозо мекунад, ки ба хотири пешгирӣ аз хатоиҳои имлоӣ ва забонӣ, омӯзиши қоидаҳои имло дар ҳамаи сохторҳо ба таври дуруст ба роҳ монда шавад, зеро ин василаи асосии таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ мебошад.
Роҷеъ ба ҷанбаҳои мухталифи риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ байни кормандон ва мутахассиси соҳа саволу ҷавоб доир шуда, барои пешрафти кор дар ин самт таклифу пешниҳодоти мушаххас ироа гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






