Робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ анъанавӣ боқӣ мемонанд

Февраль 4, 2016 10:45

Душанбе, 04.02.2016 (АМИТ «Ховар») — “Соли гузашта муносибати Тоҷикистон бо Федератсияи Русия, чун анъана, дар асоси принсипҳои шарикии стратегӣ идома ёфта, дар давоми сол чаҳор мулоқоти кории президентҳои ду давлат дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Уфа ва Сочи доир гардид”, — гуфта шуд зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ. Оид ба муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла чунин ҳисобот дода шуд: “Бо имзои “Аҳднома оид ба шарики стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” дар ҷараёни сафари расмии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон, ки 14-уми сентябри соли 2015 сурат гирифт, равобити ду кишвар расман ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шуд. Дар доираи муносибатҳои дуҷониба бо Қирғизистон вохӯриҳои гуногунсатҳ баргузор гардиданд, ки дар меҳвари онҳо ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва рушди робитаҳои ҳамсоягӣ қарор доштанд. Зимни муносибатҳо бо Ӯзбекистон рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз фаъолшавии нисбии робитаҳо дарак медиҳанд, аз ҷумла, моҳи декабр аввалин бор дар солҳои охир машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир шуд”.
Иловатан хабар дода шуд, ки дар муносибатҳо бо Туркманистон муҳимтарин рӯйдод сафари расмии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар маҳсуб мешавад, ки дар натиҷаи он 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Февраль 4, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард