Робитаи Қуввваҳои Мусаллаҳ бо аҳли ҷомеа
Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи январи соли 2016 бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва ба роҳ мондани чорабиниҳо бахшида ба 23- юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚМҶТ) нақша чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар амал татбиқ гашта истодаанд, зикр намуд, Фаридун Маҳмадализода сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиа.
Яке аз чорабиниҳое, ки дар давоми моҳи феврал ба роҳ монда шуд, ин намоиши ҳимояи хеш дар задухӯрдҳои тан ба тан аз ҷониби дастаҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратӣ ва барномаи рангини консертии дастаҳои онҳо мебошад, ки дар «Боғи Ирам»-и пойтахт 20-уми феврал бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату кумитаҳо баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ин зиёд намудани робитаи Қуввваҳои Мусаллаҳ бо аҳли ҷомеа ва махсусан ҷавонон мебошад.
Сарбози қаторӣ Муҳаммадшафақ Юсуфӣ аз иштирок дар ин чорабинӣ хурсанд буда, мегӯяд, ки: «Ман фахр аз он мекунам, ки ҳамчун як сарбоз ва як муҳофизи Ватан дар қувваҳои муссалаҳ адои хизмат карда истодаам ва ифтихор мекунам, ки дар ҷашни 23-юмин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорам».








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






