РВКД дар вилояти Хатлон: 245 ҳолати дар Сурияву Ироқ ҳузур пайдо кардани сокинон муайян шуд
Душанбе, 04.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Соли 2015 дар қаламрави вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия 14 ҳолати таълимоти ғайрирасмии динӣ ошкор гардида, нисбат ба 14 мударрис, ки ба 51 наврасу ҷавон таълим медоданд, ҷазо таъйин шуда, нисбат ба 229 муллои сеҳргару мардумфиреб парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки аксари онҳо ба фолкушоиву мардумфиребӣ машғул будаанд,- иттилоъ дод Баҳром Шарифзода, сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва афзуд, ки 245 ҳолати дар Сурияву Ироқ ҳузур пайдо кардани сокинони вилоят муайян гардид, ки дар ин миён 32 зан ва 54 нафарашон ноболиғ будаанд.
Б. Шарифзода ҳамчунин хабар дод, ки аз вилоят 21 нафар ҳамроҳи зану фарзандаш ба Сурия рафта, дар соли сипаришуда 29 нафари он бозгаштанд ва аксари онҳо бинобар изҳори пушаймонӣ намудан мавриди авф қарор гирифта, дар ин ҷанг тайи як соли охир хабари кушта шудани 31 нафар расидааст — хабар дод
Сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо ёдоварӣ аз ҳаводиси вобаста ба собиқ генерал Ҳоҷӣ Ҳалим гуфт, ки ҳамдастии 43 сокини вилоят бо ин гурӯҳ муайян гардида, 23 нафари онҳо дастгир, 6 нафар безарар гардонида шуда ва 14 нафар дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






