С. Аслов: Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷопону Чин марҳалаи наву босифат касб карданд

Февраль 4, 2016 10:35

Душанбе, 04.02.2016 (АМИТ «Ховар») — «Бори нахуст дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон сафари расмии Сарвазири Ҷопон Шиндзо Абэ ба Душанбе 24-уми октябри соли гузашта сурат гирифт, ки имзои 9 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишварро дар пай дошт», — гуфт 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов.
Дар самти тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дидори роҳбарони ду кишвар 3-4 сентябри соли 2015 дар Пекин як гардиши муҳим буд, ки дар натиҷаи он бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Хотиррасон бояд шуд, ки ҳоло Тоҷикистон бо 128 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дошта, соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба намояндагони 17 кишвари хориҷӣ барои таъйинашон ба ҳайси сафири давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоят (агреман) дода шудааст.

Февраль 4, 2016 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард