Саломатии миллат аз табибон вобастагии калон дорад
Душанбе, 29.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Барои тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, дар Маркази саломатии ноҳияи Ғончӣ бо табибону кормандони соҳаи тиб мулоқоти раиси ноҳия, узви раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рустам Ҷўразода баргузор гардид.
Муовини раиси ноҳия Рафоат Каримова аз нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат сухан ронда, гуфт, ки соҳаи тандурустӣ дар ноҳия бояд боз ҳам мукаммалу ҷавобгўй ба талаботи роҳбарияти олии кишвар гардад ва таъмини саломатии сокинони диёр мебояд беҳтар кард. Инчунин аз маблағгузориҳо ва шароити хуби муҳайёгардидаи соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, аз табибони ноҳия хоҳиш намуд, ки дар ифои вазифаи ҷонии худ ва риояи қасами Гиппократ нисбат ба худ серталаб бошанд.
Раиси ноҳия Рустам Ҷўразода ба сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳо, таъмин намудани ҳар як деҳа бо табибону мутахассисони соҳибкасб, тезонидани сохтмони бинои беморхонаи марказӣ, таъмиру тармими шуъбаҳо ва ҳуҷраҳои беморон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, таъминот бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисӣ, нашру паҳни маводи тарғиботӣ барои баланд бардоштани фарҳанги солимбахшии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо диққати махсус зоҳир намуд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






